24.08.26 Дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Фарҳод бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, мушкилоти рӯзмарраи сокинон ва пешниҳодҳои интихобкунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад – неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.Гузашти айём моро ба ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ ба даст оварда шавад.
Ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти энергетикӣ а истифодаи самарабахши неруи барқ, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдињии шуѓли пурмањсул барои кишвар ва вусъатдињии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Дар фарҷоми мулоқот сокинон андеша ва дархостҳои худро баён намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.