24.08.26 Имрӯз дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллозода Дилноза ва Қиёмзода Зарафо бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ва Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллозода Дилноза ва Қиёмзода Зарафо оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешрафту ободониҳо ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар зарфи 35 соли Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти кишвар, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ матраҳ гардиданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ заминаи мусоиди рушди устувори кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиро муҳайё намудааст. Ҳифзу таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакилон сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар як оилаи сокинон саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.