24.08.26 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо бо кормандон, сархатиби ноҳия, имомони масҷидҳо, намояндагони занону ҷавонон ва дигар фаъолон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Айнӣ» №22 Қиёмиддин Давлатзода ба сухан баромада доир ба ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати муваффақонаи дохилӣ ва хориҷии кишвар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намуд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни суханронӣ ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Зикр гардид, ки соли 2026 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ҳадафи ин иқдом, аз ҷумла, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид намуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд баёнгари меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар бошад. Ӯ аз аҳли ҷомеа даъват намуд, ки дар ободонии маҳалли зист, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва таҳкими фазои сулҳу субот саҳми муносиб гузоранд.
Дар идомаи суханронӣ Шоҳиён ба таърихи давлатдории тоҷикон, аҳаммияти ҳифзи забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ ишора намуда, таъкид кард, ки шинохти таърихи миллат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ барои насли ҷавон заминаи муҳимми худшиносӣ мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолу озодӣ, тарбияи дурусти насли ҷавон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ вазифаи умумии ҷомеа мебошад.