Бо мақсади рушди илми ҳуқуқшиносӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мусоидат ба татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Камолзода И.И. ва Азиззода Ғ.М. тафсири Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» омода ва нашр гардид.
Тафсири мазкур бо дарназардошти таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тағйиру иловаҳои дар солҳои охир ба Қонуни конститутсионӣ воридгардида таҳия шудааст.
Аз ҷумла, дар соли 2025 ба моддаи 20 қонуни мазкур илова ворид гардида, ваколати дахлдори мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона мушаххас карда шуд.
Дар тафсир меъёрҳои қонун ба таври илмӣ-амалӣ шарҳ дода шуда, моҳияти ҳуқуқии ваколатҳои мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байни онҳо, масъалаҳои ташкили фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, салоҳияти раисони шаҳру ноҳияҳо, муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Тафсири мазкур метавонад ҳамчун манбаи муҳимми илмӣ ва амалии ҳуқуқӣ барои мақомоти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи ҳуқуқ, олимон ва муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳуқуқшиносон ва дигар шахсони ба масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи конститутсионӣ алоқаманд истифода шавад.
Нашри ин асар қадами муҳим дар самти тавзеҳ ва истифодаи дурусти меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои такмили фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии идоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.