Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар хонум доктор Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Аттийяро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2008 таъсис дода шудааст.
Мо қаноатмандем, ки сафари Шумо ва ҳайати Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба Тоҷикистон дар доираи Ёддошти тафоҳуми байниидоравӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи мусоид фароҳам меорад,-изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Бояд таъкид намуд, ки натиҷаи вусъати ҳамкориҳои дуҷонибаи мо ба муносибатҳои дӯстона ва бародарона, сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи роҳбарони давлатҳоямон - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар ҷаноби Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ алоқаманд мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод, ҳусни тафоҳум ва ҳифзи манфиатҳои муштарак бунёд ёфта, имрӯзҳо ба сатҳи баланди шарикӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанба расидаанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз заминаи ҳуқуқии мусоид барои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар дар асоси 42 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба вуҷуд омадааст.
Ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ, таҳкими институтҳои миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.
Шумо албатта огаҳ ҳастед, ки дар баробари ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти дипломатияи об, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи сулҳ ҳамчун усули калидӣ пешниҳод шуда, ба таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъсиргузор мегардад.
Қабули қатъномаи СММ, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” барои солҳои 2027-2036 пешниҳод гардид, аҳаммияти умуиҷаҳонӣ дорад. Зеро дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳаммияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Итминон дорам, ки мулоқоти мо барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қатар, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи муколамаи доимии созандаи байни ниҳодҳои давлатии ду кишвар натиҷаҳои арзишманд ба бор хоҳад овард, -гуфт дар фарҷом Файзалӣ Идизода.