Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода Сарвазири Гурҷистон ҷаноби Кобахидзе Ираклий ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Зикр шуд, ки робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Гурҷистон 4 августи соли 1994 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва табодули намояндагиҳои дипломатӣ дар сатҳи сафоратхонаҳо» барқарор шуда, пайваста рушд меёбанд.
Маҷлиси намояндагон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо парламентҳои хориҷии 69 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Қафқоз гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст.
Бо мақсади таҳкими дипломатияи парламентӣ, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани муносибатҳо, ташаккули устувори муносибатҳои байнипарламентӣ 25 апрели соли 2025 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Парламенти Гурҷистон таъсис дода шудааст.
Мо итминон дорем, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ минбаъд тақвият ёфта, мубодилаи доимии таҷрибаи қонунгузорӣ бо сохторҳои дахлдори парламенти Гурҷистон вусъат меёбад. Табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи пешрафти робитаҳои тарафҳо буда, барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва коркарди самтҳои наву ояндадори ҳамкориҳои мо мусоидат менамояд, - изҳор намуд Файзалӣ Идизода.
Тавсеаи ҳамкориҳои фароаврупоӣ ва фароосиёии байнипарламентӣ дар доираи дигар ташкилотҳои байнипарламентӣ монанди Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳим арзёбӣ гардид.
Тоҷикистон ва Гурҷистон натанҳо кишвари куҳсор, балки дорои таъриху фарҳанги қадима мебошанд. Тоҷикистон таҷрибаи кофӣ дар самти идоракунии захираҳои обу гидроэнергетикаро низ дорад. Аз ин ру, мубодилаи таҷриба дар ташаккули қонунгузории соҳа метавонад ба нафъи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоямон гардад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқоти имрӯза низ ба рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи нав мусоидат хоҳад кард.