Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳоҷират, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, касбомӯзӣ, риояи қонун ва одату анъанаҳои давлати буду бош баргузор шуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди бозори байналмилалии меҳнат равандҳои муҳоҷират дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбанд. Муҳоҷирати муваффақонаи меҳнатӣ на танҳо малакаҳои касбӣ, балки донистани забонҳои хориҷиро низ талаб мекунад, ки рақобатпазирии шаҳрвандонро баланд бардошта, барои пайдо намудани кори муносиб дар хориҷ мусоидат менамояд.
Дар кишварамон барномаҳои омодасозии мутахассисон аз рӯи касбҳои талаботнок амалӣ мешаванд, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд.
Рушди нақлиёт ва технологияҳои иттилоотӣ муҳоҷирати байналмилалиро осонтар намудааст. Мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, тиб, муҳандисӣ, сохтмон ва маориф дар бозори меҳнат талаботи бештар доранд.
Таҷрибаи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон, ки сиёсати самараноки муҳоҷирати меҳнатиро роҳандозӣ кардаанд, тавонистаанд онро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакати худ истифода баранд.
Мо ҳамчун намояндагони мардум, - гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён, - вазифадорем, ки дар баробари иҷрои рисолати худ, ҳамчунин саҳми худро дар татбиқи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузорем, корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи маҳал ҳангоми вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба роҳ монем, роҳу усулҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва босамарро ба онҳо тавсия диҳем. Мусоидат намоем, ки ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудани аҳолӣ дар амал татбиқ гарданд.
Дар ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволу дархостҳои худ посухҳои саҳеҳ гирифтанд.