Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз муҳокимаи парламентӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2022, №АП-240 вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “ Солҳои рушди саноат” баргузор гардид.
Гиёзода Азиз зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди саноат як қатор чораҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ - заминаи асосии рушди саноат гардиданд.
Ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ин ташаккул додани соҳаи саноат ва дар асоси он ба сатҳи баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар 7 барнома ва консепсияи рушди соҳаҳои мухталифи саноат таҳия шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло қайд намуд, ки талаботи имрӯзаи замон ва қонунгузории мо аз он иборат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз кишвари содироткунандаи ашёи хом ба содироткунандаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёбад. Барои ин, ҳамоҳангии ҷиддии сохторҳои давлатӣ, рафъи монеаҳои сунъӣ барои фаъолият ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ зарур аст.
Дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон ва масъулони дигар сохтор ва идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул карда шуд.