Имрӯз Ғиёсиддин Ашурзода-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки арзёбии ХДҲМ (PEFA) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як воситаи баҳодиҳии байналмилалӣ набуда, механизми муҳимми таҳлили ҳолати воқеии идоракунии молияи давлатӣ, муайян намудани дастовардҳо ва муайянсозии самтҳои такмили минбаъдаи ислоҳот низ мебошад.
Натиҷаҳои арзёбиҳои қаблии ХДҲМ (PEFA) заминаи муҳим барои татбиқи ислоҳоти фарогир дар самти банақшагирии буҷетӣ, такмили фаъолияти хазинадорӣ, таҳкими назорати давлатии молиявӣ, рушди аудити давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти буҷетӣ гардиданд.
Арзёбии имсолаи ХДҲМ (PEFA) аҳаммияти махсус дорад, зеро бори аввал ҷанбаҳои нави муҳим, аз ҷумла идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти масъалаҳои тағйирёбии иқлим, буҷеткунонии гендерӣ ва арзёбии сатҳи маҳаллӣ фаро гирифта мешаванд.
Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар таъмини назорати парламентӣ аз болои маблағҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
Мо ҳамасола на танҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ»-ро баррасӣ менамоем, балки масъалаҳои стратегияи фискалӣ, дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисодӣ, самаранокии хароҷоти давлатӣ ва натиҷаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ низ мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Дар ин замина, мехоҳам саҳми Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушдро дар пешбурди ислоҳоти молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд намоям. Дар тули солҳои ҳамкорӣ дастгирии техникӣ ва машваратии онҳо барои таҳкими институтҳои молиявӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ мусоидати назаррас намудааст.
Мо барои муколамаи, мубодилаи афкор ва муҳокимаи касбӣ омода ҳастем. Маҳз чунин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки натиҷаҳои арзёбӣ ба воситаи муоссири такмили сиёсати давлатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ табдил ёбанд - гуфт дар фарҷом Ғиёсиддин Ашурзода.