Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Ориф маҷлиси навбатии комиссияи экологӣ доир шуд. Амирзода Ориф зикр намуд, ки чанд рӯз қабл дар шаҳри Душанбе машварати минтақавӣ барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути чораҳои парламентӣ» ва Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” доир шуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем. Ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.
Дар маҷлис, инчунин, гузориши муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Фазлиддин, инчунин, Аҳмадзода Дилноза ва Қиёмзода Зарафо - роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи: «Ҳифзи пиряхҳо-омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» шунида шуд.
Зикр шуд, ки озмун нимаи аввали моҳи июн ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз хоҳанд гашт.