Имрӯз дар ҳошияи Конфронси чоруми оби Душанбе ва рӯзномаи ҷаҳонии об дар шаҳри Душанбе машварати минтақавӣ барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути чораҳои парламентӣ» баргузор гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз таъкид намуд, ки тағйирёбии иқлим имрӯз аз доираи масъалаи экологӣ берун рафта, ба омили таъсиргузор ба амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии давлатҳо табдил ёфтааст.
Афзоиши офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои об ва вайроншавии экосистемаҳо зарурати қабули қарорҳои муштарак, ҳамоҳангшуда ва сиёсиро ба миён овардааст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, обшавии пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёмадҳои ҷиддӣ дорад. Аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз ҳазор тои онҳо пурра аз байн рафтаанд.
Дар ҳамин замина, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун дастоварди муҳимми дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар самти рушди “иқтисоди сабз” ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои амалӣ меандешад. Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023–2037 намунаи чунин иқдомҳо номида шуданд.
Дар паёми видеоии Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг таъкид гардид, ки кишварҳои Авруосиё аллакай таъсири мустақими тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камбудии об, ифлосшавии ҳаво ва таҳдид ба амнияти озуқавориро эҳсос мекунанд.
Коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ доир ба манзараи умумии иқлим ва рушди устувор, ҳифзи захираҳои об, зарурати фаврии мубориза бо ифлосшавии ҳаво ва коҳиши партовҳои метан, инчунин таҳкими нақши парлумонҳо дар татбиқи сиёсати иқлимӣ табодули назар намуданд.
Таъсиси механизмҳои доимии ҳамоҳангсозии ҳамкории байнипарлумонӣ дар масъалаҳои иқлим ва захираҳои об муҳим арзёбӣ гардид.
Пагоҳ машварат ба кори худ идома мебахшад. Дар назар аст, ки меҳмонон аз минтақаҳои аз тағйирёбии иқлим зарардида боздид ба амал оранд.