Имрӯз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
В. Матвиенкоро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаҳои Шурои АБП ИДМ, инчунин Комиссияҳои доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният ва оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд. Ба ҳайати парламентӣ Шоҳмурод Рустам – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Гулзода Маҳмадшоҳ – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Қодирӣ Бобоҷон –узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва Файзуллозода Зафар - мудири Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.
Дар назар аст, ки зимни сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати воломақоми кишварҳои аъзои Иттиҳод мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ баррасӣ шавад.