07.05.26 Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз маҷлиси комиссияи одоби вакилон доир шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба риояи Қоидаҳои одоби вакилон баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи нави Қоидаҳои одоби вакилон, пас аз ворид намудани таклифу пешниҳодҳои аъзои Комиссия, муҳокима карда шуд.
Шодизода Парвиз зикр намуд, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 зикр гардидаанд, бояд Қоидаҳои одоби вакилон мукаммал гардонида шаванд.