05.05.26 Имрӯз мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии Осиёи Марказии Маҷлиси миллии Фаронса хонум Катрин Эрвё баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколама байни мақомоти қонунгузор ва густариши мубодилаи парлумонӣ миёни ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Аҳаммияти хоса ба нақши гурӯҳҳои дӯстӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мунтазам миёни вакилони парлумон ва дастгирии рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.