5.05.26 Мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафири Фаронса оид ба ҳуқуқи инсон ва масъул оид ба пешбурди ҷанбаи байналмилалии Ҳолокост хонум Изабел Ром баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, бо таваҷҷуҳи махсус ба мубориза бар зидди табъиз ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа баррасӣ намуданд. Аҳаммияти хоса ба табодули таҷриба дар пешбурди сиёсати ҳуқуқи инсон, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ, ки ба ҳифзи озодиҳо ва арзишҳои бунёдии инсон равона шудаанд, зоҳир гардид.
Мавсума Муинӣ кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими механизмҳои институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин ташаббусҳо дар самти таҳкими таҳаммулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ ва рушди соҳаи маориф таъкид намуд.
Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва платформаҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуда, аҳаммияти пешбурди арзишҳои умумибашариро таъкид карданд.