Тавре хабар дода будем дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, экология ва ҳифзи пиряхҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» эълон намуда буд.
Дар ҷаласаи Комиссия, ки имрӯз баргузор гардид маводҳои то имрӯз пешниҳодшуда ба Озмун вобаста ба номинатсияҳо барои омӯзиш ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешниҳод шуданд.
Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода таъкид намуд, ки барои довталабони Озмун аз лиҳози касбу кор ва синну сол маҳдудият вуҷуд надорад. Дар Озмун намояндагони касбу кори гуногун, олимону мутахассисон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон, коршиносону рӯзноманигорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иштирок карда метавонанд.
Довталабон аз рӯи номинатсияҳои Озмун бо пешниҳоди танҳо як мавод метавонанд ҳуҷҷат супоранд ва иштирокчии Озмун гарданд.
Ёдовар мешавем, ки то анҷоми қабули маводҳо ба озмун 6 рӯз боқӣ мондааст.