19 апрели соли 2026 дар доираи Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ интихоботи Дабири кулли ин созмони бонуфӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар раванди интихобот дар баробари иштироки 321 намоянда аз 126 кишвар ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз намояндагӣ намуд.
Дар натиҷа бо иттифоқи оро бори нахуст дар таърихи 137-солаи Иттиҳоди байнипарламентӣ намояндаи Руминия хонум Анда Филип бо касби 229 овоз ба ҳайси Дабири кулли ин созмон интихоб гардид.