Тавре қаблан хабар дода будем, 20 апрел ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода аз мавқеи доимии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуд, ки: «Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли осоиштаи ҳама гуна буҳрону муноқишаҳо танҳо тавассути музокирот ва талошҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Зикр гардид, ки татбиқи самаранок ва ҳамаҷонибаи санадҳо ва қарорҳои қабулшуда дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аҳаммияти махсус доранд. Файзалӣ Идизода изҳори итминон намуд, ки чорабиниҳои барои соли ҷорӣ банақшагирифташудаи СААД, аз ҷумла машқҳои муштараки ҳарбӣ, бомуваффақият баргузор мегарданд.
Мавсуф ба пешбурди ташаббусҳои миллӣ дар доираи Созмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар анҷоми суханронӣ Файзалӣ Идизода иброз кард, ки ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин санадҳои намунавӣ ва тавсияҳои СААД дар ташаккули заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ барои муқовимати фаъолона ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир нақши муҳим доранд.