16.04.26 Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли сипаришуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташаккули чаҳорчӯби ҳуқуқии ҳамоҳангшуда дар самти рушд ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон барои давлатҳои иштирокдори ИДМ муҳокима гардид.
Иштирокчиён, бо такя ба меъёрҳои умумии ҳуқуқии ИДМ ва таҷрибаи пешқадами қонунгузории миллӣ, пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Лоиҳаи Нақшаи дарозмуддати қонунгузории намунавии ИДМ барои солҳои 2026–2028, инчунин Консепсияи Кодекси зеҳнии Иттиҳодро баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки ташаккули чунин санадҳои намунавӣ ба ҳамоҳангсозии фазои ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамгироии илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди устувори кишварҳои узв мусоидат менамояд.
Лоиҳаи Низомнома дар бораи таъсиси Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ «Барои хизматҳо дар рушди илм ва маориф» низ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки эътирофи дастовардҳои муштарак дар соҳаи илм ва маориф омили муҳимми таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои инноватсионӣ мебошад.