Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштироки аъзои Шурои Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи корӣ доир шуд. Дар ҷаласа иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2026 баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани гардиши электронии байниидоравии ҳуҷҷатҳо, омодагиҳо ба баргузории ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вусъати корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани дафтарҳои корӣ, саҳни бино, гулшинонӣ, ниҳолшинонӣ, насби шиору парчамҳо, тавассути воситаҳои ахбори омма таблиғу ташвиқи моҳияти истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолӣ, таҳияи маводи чопӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати иҷрои пурра ва босифати Барномаи кории қонунгузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон чораҳои амалӣ андешида шавад.