Имрӯз мулоқоти аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мауро Наподано баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва рушди малакаҳои шуғл мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар самти пешбурди ислоҳоти институтсионалӣ, такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар раванди буҷетӣ, инчунин таҳкими заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамуҳлати буҷетӣ, буҷетбандии барномавӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва такмили инфрасохтори рақамӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, аҳаммияти лоиҳа дар самти рушди сармояи инсонӣ, такмили низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисон ва мутобиқ намудани малакаҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори муосири меҳнат низ таъкид карда шуд.
Қайд гардид, ки татбиқи чунин ташаббусҳо барои таҳкими назорати парламентӣ, баланд бардоштани сифати назорати буҷетӣ ва таъмин намудани истифодаи мақсаднок ва самараноки захираҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва густариши робитаҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуданд.