Даъвати Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои назорати буҷет ва ҷаласаҳои Шурои коршиносон оид ба иқтисод вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ҳакимзода Ҳомидҷон - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва Шарифзода Нигина - узви ҳамин Кумита аз 11 то 13 марти соли 2026 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳо, ки имрӯз баргузор шуд аз ҷониби намояндагони кишвари мо таъкид гардид, ки қарорҳо ва тавсияҳои муштарак ба таҳкими назорати молиявӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ мусоидат менамоянд. Баргузории ҷаласаҳои Комиссияи назоратӣ-буҷетӣ, инчунин, ба таҳкими эътимод миёни давлатҳои иштирокдор мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил замина фароҳам меорад.