Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба сухан баромада таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар радифи дигар дастовардҳои миллати тоҷик, дастоварди муҳимми давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол мебошад.
Албатта, дар қатори дигар омилҳо, маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ, ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.
Дар ин ҷода, Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, дар таҳкими пояҳои минбаъдаи давлати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Бо камоли ифтихор, ҳамаи шуморо ба муносибати сию сеюмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз самими қалб табрик гуфта, бароятон солимию саодатмандии бардавом орзу менамоям.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақш ва саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии рукнҳои асосии давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, рушди бемайлони тамоми соҳаҳо, боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ин радиф таъсиси Артиши миллӣ, ки ҷузъи муҳиммтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад, миқёсан бузург аст.
Тавре Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, Қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ саҳми бориз доранд. Тайи ин солҳо, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зери роҳнамоӣ ва сарварии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба халқу Ватан ва давлат борҳо собит сохтаанд.
Махсусан, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандӯстии хешро содиқона иҷро намуданд.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд ва яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон табдил ёфта, кафили ҳифзи сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон гардидааст.
Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҳмудзода Насрулло, Раиси Комиссия оид ба одоби вакилон Шодизода Парвиз, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Аҳрорзода Шуҳрат дар назди ҳозирин оид ба роҳи тайнамудаи Артиши миллӣ тайи 33 соли мавҷудият маърузаҳо намуданд.
Дар анҷоми ҳамошиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Вазифаи конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 42-45-и Конститутсия муайян шудаанд. Дар қатори дигар вазифаҳои конститутсионӣ, ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиати давлат ҳамчун вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандон таъкид гардидааст.
Дар поёни ҳамоиш чанд нафар вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шомиланд ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо медалҳо ва ифтихорномаҳои ин Ассамблеяи парламентӣ қадрдонӣ шуданд.