26.01.26 Дар толори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» Комилзода Абдуқодир ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти кори ташкилот дар соли 2025, ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026, тасдиқи Нақша - чорабиниҳо вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» дар соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Ш. Ҳакимзода аз Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳо оварда, аз дастовардҳои назаррас дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ дар соли 2025 ибрози андеша намуд.
Вакили мардумӣ ҳамагонро барои саҳми босазо гузоштан дар корҳои ободонӣ барои таҷлили 35 - солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, таъкид кард, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд.