Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ҷаласаи шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 10 декабри соли 2010, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ аз 15 сентябри соли 2015, Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳод кардани вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ)», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳод кардани вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Байнипарламентӣ», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҳокимияти халқии Ҷумҳурии Куба», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи вакилони Руминия», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой», Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои дигари корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.