Имрӯз Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно бо корманди қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел Биготт Винсент мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвари мо, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф басо бузург аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.25) изҳор намуданд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Мо - вакилони мардумӣ, бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлати худ, метавонем дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар шароити зудтағйирёбанда, бо дарназардошти таҳаввулотҳои нав, пайдоиши иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва монанди ҳамин омилҳо ба рушди соҳаи маориф мусоидат намоем, - зикр намуд Саидвализода Барно.
Қайд гардид, ки бахши таҳсилоти техникӣ ва касбӣ (ТТК) дар Тоҷикистон самти муҳим ва афзалиятнок дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Мо ба рушди тафаккур, хиради созандаи инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд дорем. Муваффақиятҳои мо дар як қатор самтҳо, бахусус идоракунии молиявӣ, тавассути гузаштан ба низоми ғайринақдии пардохтҳо назаррас мебошанд.
Заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ дар самти таҳсилоти техникӣ ва касбӣ, бахусус бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” фароҳам оварда шудаанд.
Аз ин рӯ, мо умедворем, ки фаъолияти Шумо ба такмили унсурҳои таҳсилоти техникӣ ва касбӣ, тавсеаи кушишҳои муштарак ҷиҳати татбиқи технологияҳои нави замонавӣ, аз ҷумла истифодаи васеи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, омӯзиши технологияҳои марбут ба он оварда мерасонад, - изҳор дошт Б. Саидвализода.