Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз маҷлиси комиссияи одоби вакилон доир шуд, ки дар он риояи Қоидаҳои одоби вакилон, аз ҷумла риояи интизоми меҳнат ва лоиҳаи нави Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз зикр намуд, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 зикр гардидаанд, моро зарур аст, ки лоиҳаи Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав мукаммал намуда, ба Шурои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоем.
Муовини Раиси комиссия оид ба одоби вакилон Ғ. Собирзода ва котиби комиссия С. Ғоибназарзода доир ба масъалаи мазкур фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.