Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 мулоқот намуд. Дар ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагонро муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Фазлиддин Икромӣ ҳамроҳӣ намуд.
Ф. Идизода зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун санади муҳимми стратегӣ ва барномавӣ самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян намуда, барои таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меорад. Гуфта шуд, ки Паёми имсола бо зикри рӯйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Ф. Идизода қайд намуд, ки ҳамаи мо бояд дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ироаи Паём баён шуданд, сармашқи кору фаъолият қарор диҳем. Нагузорем, ки фарзандони мо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва хатарзо шомил шаванд. Бояд ба масъалаи таҳсили ҷавонон, бахусус духтарон ба равияҳои тиббӣ ва техникӣ диққати бештар дод. Дар шафати ноҳияи Нуробод НБО Роғун ҷойгир аст, ки арсаи нангу номус ва корзор барои ҷавонон аст. Ҷавонони мо бояд дар ин иншооти аср кору фаъолият намоянд. Бо чунин фарҳанги оламгир ҷавонони мо набояд ба роҳи хато раванд, фирефта ва ғуломи ақидаву идеалогияҳои бегонапарастӣ гарданд.
Ф. Идизода риоя ва иҷрои қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро муҳим арзёбӣ намуд.