Имрўз дар шаҳри Панҷакент вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз бо фаъолони шаҳр доир гардид.
Зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар он самтҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар натиҷагирӣ гардидааст.
Парвиз Шодизода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар маълумот дод. Таъкид гардид, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои тамоми сокинон арзёбӣ гардида, ҳуҷҷати рӯимизии ҳар як шахс мебошад.
Дар Паём самтҳои муҳимми ҳаёти кишвар ҳамаҷониба таҳлил ва вазифаҳои мушаххас ҷиҳати рушди кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муайян гардиданд.
Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, саъйу талош намоем.
Бояд ба таълиму тарбияи кӯдакон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоем, - изҳор намуд Парвиз Шодизода.
Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакили мардумӣ бо саволу дархостҳо муроҷиат карда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.