8 октябри 2026
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақназарзода Фирӯз бо фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб доир гашт.
Қайд гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандиро вобаста ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим мекунад.
Гуфта шуд, ки соли 2025 барои мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол соли пур аз дастоварду комёбиҳо, соли тасвиби аҳду паймон ва дӯстии абадии ҳамсоякишварҳо- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст.
Дар соли 2025 шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, аз ҷониби Сарони давлатҳо ба имзо расид.
Бо татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи солҳои 2019 – 2025 дар кишварамон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли 2025-ум дар мамлакат 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ вакили мардумӣ ба пешниҳоду дархост ва саволҳои интихобкунандагон посух гуфт.