Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат”, ки рӯзи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор №7, Сурайё Дустмуродзода бо фаъолон, собиқадорон, ҳайати устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Дустмуродзода Сурайё доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, доир ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан ва дигар масъалаҳои рўз ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун қадами муҳим дар роҳи муаррифии таъриху фарҳанги куҳан ва саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ арзёбӣ мегардад. Ин марказ, ки ба сифати як майдони илмию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ фаъолият хоҳад кард, барои таҳкими муколамаи тамаддунҳо, ҳамкории фарҳангӣ ва илмии халқҳои гуногун, инчунин таблиғи ғояҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта хизмат менамояд. Бешубҳа, таъсиси чунин муассисаи муҳимми ҷаҳонӣ дар пойтахти кишвар далели равшани сиёсати фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад.
Қайд гардид, ки дар Паём Роҳбари давлат амалишавии Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 таҳлил намуда, оид ба сифатан иҷро намудани нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳимми тақдирсоз барои миллат ва давлатдории навини тоҷикон дастуру ҳидоятҳо манзур намуданд.
Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.