Вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам ва Вакили МНМО ҶТ Собирзода Ғафурҷон бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Турсун Тӯйчиев ва Работи шаҳри Турсунзода вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.25 вохӯрӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири паҳлуҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг дар маҷмуъ тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамои асосии кору зиндагӣ мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун таъкид намуда, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму эктремизм ва такмили қонунгузорӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Яке аз нуктаҳои дигаре, ки зимни ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардид таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Сарвари мамлакат зикр намуданд, ки соли 2027 Тоҷикистон истиқлолияти энергетикии мамлакатро ба даст меорад ва амалишавии ин иқдоми бузург орзуву ормони чандинсолаи мардуми Тоҷикистон аст.
Иштирокчиёни ҷамъомад вобаста ба самтҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.