23.12 2025 Каримзода Фарҳод – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов бо интихобкунандагон мулоқот орост, ки дар он 150 нафар фаъолон иштирок намуданд.
Каримзода Фарҳод зикр намуд, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дақиқназарона таҳлил шудааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфта истодааст.
Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар фарчоми вохўри интихобкунандагон ба вакил саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, Ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.