24.12.25 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз - раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон, Шарифзода Нигина - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва Аҳмадова Хайринисо - мудири бахши таҳрир ва нашри раёсати тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати Маҷлиси Шурои Давлати Қатарро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба буҷет ва банақшагирӣ, ки аз 22 то 25 декабри соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор мегардад, ба ин кишвар сафар намуданд.
Зимни вохўрӣ Шодизода Парвиз зикр намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё фаъолона иштирок намуда, ба таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкории бисёрҷониба, инчунин ба рушди муколамаи парламентӣ байни давлатҳо мусоидат мекунад.
Мехостам фаъолияти Котиботро дар самти таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои буҷетӣ махсус зикр намоям, ки банақшагирии низомманд ва ошкоро будани ҳамаи расмиёти буҷетиро - аз пӯшонидани хароҷоти маъмурии асосӣ то татбиқи барномаҳои ҳадафманд - таъмин менамояд. Чунин шаффофият шароити ҳамкории эътимоднок миёни давлатҳои аъзо фароҳам оварда, самаранокии фаъолияти Ассамблеяро баланд мебардорад.
Дар анҷоми суханронии худ, - гуфт П. Шодизода, - бо такя ба анъанаҳои бойи ҳамкории судманд, эҳтироми мутақобил ва омодагӣ ба муколамаи созанда итминон дорем, ки метавонем қарорҳои мутавозинро барои фаъолияти самаранок, устувор ва пойдори Ассамблеяи парламентии Осиё дар дурнамои дарозмуддат таҳия намоем. Кори муштараки Кумита боз як қадами муҳим дар роҳи таҳкими эътимод ва густариши имкониятҳои Ассамблея ба манфиати ҳамаи аъзоёни он хоҳад буд.