Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Амирзода Ориф, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ниязов Нуралӣ ва узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр дар ноҳияи Шоҳмансур бо интихобкунандагон мулоқот оростанд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, ҳамчун давоми мантиқии Паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда то соли 2030 баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсондӯстона ва фарҳанги баланд аст. Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст. Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Вакилон доир ба дастовардҳои кишварамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз 1-уми сентябри соли 2026 бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ зиёд намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ба интихобкунандагон маълумот манзур намуданд.
Мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон бори дигар аз он далолат менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои некуаҳволии зиндагии шоистаи мардуми кишвар таваҷҷуҳи хоса менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳияи Шоҳмансур дар атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Мулоқоти вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома дорад.