Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амирзода Ориф дар ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Асамблеяи Байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рўзи 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд зикр намуд, ки Ориф Амирзода ба ҳайси муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва итифодаи табиат дар назди Асамблеяи Байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.
Амирзода Ориф дар ҷаласаи мазкур доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим маъруза намуда, барои истифодаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон ҳамчун платформаи муколама дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шуро, иштироки фаъолона дошт.