Дирӯз ба Самарқанд хабари бисёр дардовар расид: Муҳаммадҷон Шодиён - раиси Қумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сини 60 - солагӣ ногаҳон аз олам гузаштанд. Ин мусибат ҳар яки дӯстҳои бародарамонро сахт андӯҳгин кард.
Муҳаммадҷон Шодиён инсони боилм, боадаб, мардумпарвар ва хизматгузори содиқи миллат буданд. Эшон дар тамоми солҳои фаъолияташон барои мустаҳкам кардани равобат, дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии ду халқи бародари тоҷик ва ӯзбек хизмати арзандаю мондагор анҷом додаанд.
Номи нек, қалби пок ва корҳои хайрхоҳонаи эшон дар ёди мардум абадан боқӣ мемонад.
Аз номи худам ба аҳли хонадон, фарзандон, пайвандон ва дӯстону ҳамкорони марҳум таслияти самимӣ ва ҳамдардии амиқ мерасонам.
Худованди карим руҳи поки эшонро бо раҳмату мағфирати хосаи худ назар кунад, ҷояшонро дар Фирдавси Аъло қарор диҳад, ба пайвандонашон сабри ҷамил ва тоқат дар ин мусибати сангин ато фармояд.
Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун.
— Толиб Исматуллаев ва дӯстҳои эшон, аз Самарқанд.