Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулзода Маҳмадшоҳ дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия баргузор гардида истодааст, иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки Гулзода Маҳмадшоҳ роҳбари ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро низ ба уҳда дорад.
Ӯро дар ин сафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Матробиён Саодатшо ҳамроҳӣ менамояд.
Рӯзномаи кории ҷаласа Конфронси парлумонӣ таҳти унвони "50-соли САҲА: Эҳёи бисёрҷониба тавассути муколама ва ҳамкорӣ", инчунин, Форуми баҳри Миёназамин ва ҷаласаи Кумитаи доимиро дар бар мегирад.
Дар ҷаласа вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои САҲА ба тақвияти муколама ва эътимоди сиёсӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвастагӣ ва рушди устувор, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дастгирии арзишҳои оилавӣ изҳори назар хоҳанд кард.
Вакилони Маҷлиси намояндагон нақша доранд, ки дар иҷлосияҳои мавзуии конфронси парлумонӣ суханронӣ кунанд ва як қатор мулоқотҳоро бо вакилони парлумони кишварҳои узви САҲА доир намоянд.