Имрӯз Азиззода Ғайрат –Узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Туркманистон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Туркманистон-Тоҷикистон Гаипов Сердар мулоқот намуд.
Азиззода Ғайрат зикр намуд, ки мо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро муҳим арзёбӣ менамоем.
Бо шарофати робитаҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои Миллии мардуми Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, инчунин Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Шарикии стратегӣ байни кишварҳои мо имкон медиҳад, ки дар доираи созмонҳо ва платформаҳои байналмилаливу минтақавӣ аз мавқеи ягона нисбат ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ баромад намоем.
Тоҷикистон ҳамеша ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созандаи Туркманистонро дар доираи созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ дастгирӣ менамояд.
Ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои мо чун шакли самараноки ҳамкории байналмилалӣ имкон медиҳад, ки мубодилаи таҷриба, таҳияи мавқеъҳои муштарак дар масъалаҳои мубрам ва иштироки муштарак дар ташкилотҳои байналмилалии парлумонӣ амалӣ гардад.
Мо бар он ақидаем, ки пешрафти муносибатҳои стратегии мо аз фаъолияти парлумонҳои кишварҳоямон, густариши робитаҳо ва тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ вобаста мебошад. Дар ин замина, Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ саҳми арзандаи худро дар таҳкими ҳамкориҳои тарафайн хоҳад гузошт, - гуфт Ғ. Азизода.