Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода зикр кард, ки ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Президент бо эҳтиром ва ифтихори шоиста ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои ҳамаи мо воқеан ҳам азизу гиромист.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ниҳоди президентӣ марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Фаъолияти ниҳоди президентӣ ба хусусиятҳои шахсияте, ки ба мансаби Президент интихоб шудааст вобастагии амиқ дорад ва ин ниҳод дар Тоҷикистон дар замони сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт.
Хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату мардуми Тоҷикистон бузургу беназир мебошанд. Кору пайкори ин абармарди ҷаҳони сиёсат дар фароҳам овардани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати навини тоҷикон, рушди тамоми соҳаҳо, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллию давлатӣ ва ба ин васила боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бахусус бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти обу иқлим миқёсан бузург ва беназиранд. Ҳамаи инро мардуми шарафманди Тоҷикистон ва сайёра дар фаъолияти пурсафову адолатпешаи Президенти Тоҷикистон ҳамарӯза эҳсос менамоянд.
Расидан ба дастовардҳои нодир дар татбиқи сиёсати самарабахши хориҷӣ ва ташаббусҳои башардӯстонаи ҷаҳонии Президенти мо далели возеҳи раднопазири сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Муҳаббати рӯзафзуни мардум, эҳтироми хоси сарони давлатҳо ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки хизматҳо ва талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти кишвар ва муаррифии шоистаи давлату миллат содиқона, дурбинона ва эътимоднок аст. Дар симои мубораки ин фарзанди фарзонаи миллат ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳувайдост.
Номи мубораки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои арзишмандашон ҳамчун наҷотбахши миллат дар қатори
дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, гиромиву абадӣ дар ҳофизаи таърих хоҳад монд.
Дар ҳақиқат замоне, ки роҳбари ҷавони ҳамагӣ чилсола, вале ватандӯсту маърифатпарвар, поктинату инсондуст, қавииродаву адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд, Тоҷикистони тозаистиқлоли мо рӯзҳои мушкилтаринро ба сар мебурд, касе ба ояндаи дурахшони давлату миллати қариб ба нестшавӣ расида, бовар надошт.
Пешвои миллат чун сиёсатмадори даврони нав ҳамон замон бо қалбу нияти пок, ҷасорату далерӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватани азизи худ ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориву аз худ гузаштанҳои Пешвои миллат буд, ки дар кишвари мо сулҳ шуд, оромӣ шуд ва давоми солҳои 1993-2000 - ум 950 ҳазору 599 нафар ба ҷойи зисти аввала баргаштанд. 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ барқарор гардид.
Дар замони соҳибитхтиёрӣ дар кишвар маҳз таҳти сарвариву роҳбарии марди шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ асоси қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, инчунин Конститутсия ва пули миллӣ гардид, Артиши миллии хешро таъсис додаву устувор намуд.
Натиҷаи сиёсати бобарору хирдамандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар кишвар таҳавуллот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар як фурсати кутоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумуъ кард.
Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин марҳилаи таърихӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода намуд.
Пешвои миллат дар баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, иштироки мустақими кишвари тозаистиқлол дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми назаррас доранд.
Дар ин радиф, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурнигаронаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол ба роҳ мондааст.
Дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён эҳтиром мекунанд, ҳар ибтикороти созандаашонро пуштибонӣ намуда, роҳандозӣ менамоянд ва Сарвари муҳтарами моро ҳамчун роҳбари ташаббускор, намунаи ибрат, пешоҳанги амалу чорабиниҳо, ободиву созандагиҳо эътироф кардаанд.
Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ шахсияте ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлолии тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Пешвои муаззами миллат тамоми дастоварду пешравиҳои ноилшудаи давлату миллатро бо натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи Тоҷикистон ва хурду бузурги он пайванд медонанд ва пайваста ифтихороти хешро аз мардуми бонангу номус, таҳаммулгаро баён медоранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бузургию шаҳомати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои барҷастаи он касро ҳамчун абармарди миллат, наҷотбахши миллат, тоҷдору номбардори миллат ситоиш намуда, бо такя ба неруи созанда, хиради воло, далерию ҷасурӣ, матонату кордонӣ дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи дурахшони Ватан ва сарсабзии миллатро мебинад.
Хислатҳои ҳамидаи Пешвои маҳбуби миллат, аз қабили ҳамеша бо мардум будан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан мақому эҳтироми Президенти мамлакатро ҳамчун Пешвои воқеиву некном миёни хосу ом ба маротиб ва рӯзафзун боло мебарад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки асрҳои аср ном ва кору пайкори садоқатмандонаи шахси абармард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллӣ бо номи Тоҷикистон ва сарнавишташон бо сарнавишти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пайванди абадӣ ёфтааст. Зиндагиву фаъолияти содиқонаву фарзандона ва доманадору пурсамари Пешвои миллат барои ҳар як фарди бедордилу ватандӯст ва бонангу номус мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат гардидааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Раиси Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Латифзода Рустам, Муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Ҳакимзода Шариф ва Муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Дустмуродзода Сурайё ба сухан баромада доир ба хизматҳои шоёни Пешвои азизу муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.