Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи “Беҳтар кардани некӯаҳволии занон ва духтарон ва солимии репродуктивӣ – самти афзалиятноки Парламенти кишвар” кори мизи мудаввар шуруъ гардид.
Мизи мудаввар тибқи нақшаи фаъолияти Гурӯҳи кории (Парламентӣ) оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушди назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд давоми ду рӯз баргузор гардида, дар кори он дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагону масъулини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ҳамзамон намояндагони Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон, коршиносони милливу байналмилалӣ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.
Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки аз оғози соли 2000-ум масъалаи беҳтар кардани вазъи некӯаҳволии занону духтарон ва ҳифзи саломатии репродуктивӣ дар радифи дигар масъалаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон (аъзои давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид) мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта, минбаъд иҷрои барномаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Гуфта шуд, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустии кишвар, алалхусус дар масъалаи беҳтар кардани вазъи некӯаҳволии занону духтарон ва ҳифзи солимии репродуктивӣ таваҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад ва дар натиҷа дастрасӣ, сифат ва самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида истодааст.
Воқеан давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои занону бонувон, фароҳам овардани шароити муносиби кориву зиндагӣ барои онҳо, таҳкими мақому манзалати занон дар ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёташон як силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор додааст.
Имрӯз занони тоҷик дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи худро мегузоранд, зикр намуд дар идомаи худ Мавсума Муинӣ.
Дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттањид (UNFPA) дар Тоҷикистон - Раҳимова Наргис, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони милливу байналмилалӣ баромад намуда, бо мубодилаи афкору таҷриба баргузории чорабиниро дар эҷоди муҳити мусоид барои амалишаваии Ҳадафҳои Рушди Устувор оид ба беҳтар намудани вазъи некӯаҳволии занону духтарон ва ҳифзи солимии репродуктивии онҳо иқдоми неку саривақтӣ арзёбӣ намуданд.