Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025», «Дар бораи Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва давраи миёнамуҳлат» , Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028» пешниҳод гардида, барои дар иҷлосияҳои навбатӣ баррасӣ намудан муҳлат муқаррар карда шуд.
Масъалаҳои дигари корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.