Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мушовара оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои СААД, назди Шурои Ассамблеяи Парламентии СААД ба шаҳри Душанбе омадаанд, мулоқот намуд.
Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки мо ба баргузории ин чорабинии муҳим дар доираи Ассамблеяи Парламентҳои СААД таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Ҷаласаи имрӯза ҳамчун механизми зарурии густариши ҳамкориҳо байни парламентҳои кишварҳоямон дар соҳаи мудофиа ва амният бори дигар масъулияти баланди СААД-ро дар ҳифзи сулҳ, оромӣ, субот ва амният дар минтақа собит менамояд.
Ҳамкорӣ дар доираи СААД ва Ассамблеяи Парламентӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз Ассамблеяи Парламентӣ фаъолияти дастаҷамъиро тақвият дода, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузорӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии ҳамкории самараноки сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои аъзо мусоидат мекунад. Саҳми шумо дар таҳкими заминаи ҳуқуқии амнияти дастаҷамъӣ ва такмил додани низомҳои миллии мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, бисёр баланд аст.
Вохӯрии имрӯза имкон медиҳад, ки андешаҳо саривақт гуфта шаванд, мубодилаи афкор сурат гирад, мавқеъҳо муайян гарданд, эътимод тақвият ёбад ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳои аъзо ташаккул ёбад.
Амният дар ҷаҳони муосир бе ҳамкории васеи байналмилалӣ ғайри имкон аст. Дар ин замина, СААД ҳамроҳ бо дигар созмонҳо, чун ИДМ, СҲШ ва БРИКС сатҳи баланди ҳамбастагӣ ва қобилияти қабули қарорҳои ҳамоҳангшудаву муштаракро оид ба масъалаҳои муҳимтарини рӯз нишон медиҳад.
Мо зарур мешуморем, ки таҳкими сарҳадҳои ҷанубии СААД идома ёбад, ҳамкории байни сохторҳои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои худро тақвият диҳем. Ҳамчунин, муҳим аст, ки дар мубодилаи иттилоот фаъол бошем ва ба ҳамаи намудҳои таҳдидҳои фаромарзӣ якҷоя муқовимат намоем.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пайгиронаи сулҳ, ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмиро пеш мебарад. Мо барои ҳамкорӣ бо ҳамаи шарикон, ки ба таъмини субот ва амният дар минтақа манфиатдоранд, омода ҳастем.
Боварӣ дорам, ки ин ҷаласа имконияти зарурӣ фароҳам меорад, то роҳҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии дифои дастаҷамъӣ баррасӣ шаванд, таҷрибаи амалӣ мубодила гардад ва афзалиятҳо барои ояндаи наздик муайян карда шаванд,-гуфт Ф. Идизода.
Маҳз парламентҳо ҳамчун мақоми намояндагии халқ метавонанд фарҳанги эътимод, ҳамдигарфаҳмиву масъулиятро нисбат ба шаҳрвандон ва шарикони минтақавӣ ташаккул ва рушд диҳанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши имрӯза як қадами устувору муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо байни парламентҳои кишварҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ хоҳад гардид.