Ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус тариқи маҷозӣ мулоқоти намуд.
Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳарду кишвар, бахусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварҳоямон ибрози андеша намуда, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Шермуҳаммад Шоҳиён қайд кард, ки бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам А. Г. Лукашенко муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳоямон рушду густариш ёфта истодаанд.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, хоҷагии қишлоқ, рушди технологияи зеҳнӣ ва навовариҳои техникӣ, амният, маориф, фарҳангу гуманитарӣ чашмрас мебошанд.
Муносибатҳои байнипарламентии ҳар ду кишвари дӯсту бародар дар доираи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра минбаъд низ рушду таҳким хоҳад ёфт.
Табодули таҷриба ва сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус муҳим арзёбӣ гардид.