Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҷурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Мачлиси намояндагон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборакшозода Ғайратшо, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудзода Аҳмад, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Муродуллозода Дилноза, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Давлатзода Қиёмиддин, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷалолзода Миршакар, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Иброҳимзода Неъматулло, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Аҳрорзода Шуҳрат ва узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зиёӣ Баҳриддин муаррифӣ намуданд.