Забони тоҷикӣ ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Аз ин рӯ, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва гузаштагони сарбаланди хеш аз пок нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Як рукни давлат, ҳастии миллат ва бузургтарин сарвати бебаҳои халқ забони модарист. Пояи устувори давлатдориву нишони мавҷудияти миллат забони ӯст. Мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки соҳиби забони ширину гуворо, гӯшнавозу қадимӣ ва пурғановат, забони шеъру адабиёти оламгир ҳастем ва тавре, ки Пешвои муаззами миллат фармудаанд – «Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем».
Ин сухани оддӣ нест, балки дастури амали ҳар яки мост ва ҳар яки мо соҳибони забонро вазифадор ва уҳдадор менамояд, то ба покию ҷилои забони давлатии худ таваҷҷуи хоса дошта бошем ва баҳри рушду шукуфоии минбаъдаи он бо тамоми неруи зеҳнию ақлонии худ кору пайкор намоем.
Имрӯз ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ ифтихор мекунад, ки аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ ҳарфи тоҷикӣ шунида мешавад. Ва дар ин самти фаъолият нақш ва саҳми муҳтарам Пешвои Миллат беқиёс аст.
Забони тоҷикӣ, ки забони миллати мо ва забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тољикистон мебошад, дар як муддати тулонӣ дар иҳотаи забонҳои дигар аз санҷишҳои зиёди таърих гузаштааст.
Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ, омили муттаҳидгари халқ будани он ба зуҳур кардани сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ҳақиқат, тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам бароварданд. Ба шарофати фаъолияту осори онҳо забони тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст ва моро зарур аст ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Забон таҳкимбахши ваҳдати миллӣ ва пайвандгари асосии дӯстиву ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад. Дар марҳилаи кунунии рушди забони тоҷикӣ мо бояд фарҳанги забонро сайқал диҳем. Ин пеш аз ҳама ба гуфтори шифоҳӣ дахл дорад.
Поку бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ҳифзи он аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Шоир барҳақ гуфтааст, ки:
Билохир, пояи миллат забон аст,
Забон, ки гум шавад, миллат бимирад,
Забони миллат аз миллат нишон аст
Забон омӯз, то миллат намирад.
Бузургони мо фармудаанд, ки «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» донистани ҳам забони модарӣ ва ҳам забони хориҷӣ ба пешрафти маънавии ҷавонон ва кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидат менамояд ва имконияти густариши муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодиро фароҳам меоварад. Забондонӣ нишонаи фарҳангу хирад ва роҳ кушодан ба уфуқҳои нави илму тамаддуни пешрафта мебошад.
Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва қарорҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Забони тоҷикӣ имрӯз на танҳо дар умури коргузорӣ, балки дар робитаҳои хориҷии кишвари мо бо дигар давлатҳои ҷаҳон низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор дорад.
Ғамхорӣ нисбат ба забон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлили ҳамасолаи Рӯзи забон далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ мебошад.
Дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ аз падару модар сар карда, то мураббиёнӯ муассисаҳои томактабӣ, муаллимону устодони мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ, аҳли зиё ва умуман тамоми ҷомеа бояд ғамхор ва саҳмгузор бошад.
Дар замони муосир, ки барои ҳамаи кишварҳо ҷаҳонишавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат мавқеи забонҳои миллатҳои хурдро танг карда ба нестӣ мебаранд. Имрӯз, ки раванди ҷаҳонишавӣ барои аз байн рафтани забони миллии халқҳои хурду бузурги сайёра хатар эҷод карда истодааст, бояд ҳар миллати соҳибзабон аз ин раванд сабақи ҷовидонӣ гирад. Яке аз омилҳои эҷоди хатари ҷаҳонишавӣ ин таъсиру нуфузи забонҳои муқтадир, майли беандоза ба забонҳои ғайр, бетаваҷҷуҳи ба забон ва таваҷҷуҳи аз меъёр зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир мебошад.
Дар ин замина дар хотир бояд дошт, ки забон маҳв шуд, миллат низ маҳв мешавад.
Забони тоҷикӣ – ин забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд.
Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдории вањдати ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.