Имрӯз ҳайати парламенти Федератсияи Россия таҳти сарварии муовини раиси Кумита оид ба мудофиаи Думаи давлатии Федератсияи Россия Юрий Швиткин аз бинои нави Парламенти Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Дар рафти боздид вохӯрии ҳайати парламенти Федератсияи Россия бо Гулзода Маҳмадшоҳ - раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Маҳмудзода Насрулло – раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Шоҳмурод Рустам – раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ва Саидвализода Барно- муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният доир шуд.
Гулзода Маҳмадшоҳ зикр намуд, ки робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои ҳамзистӣ, таърихи муштараки халқҳоямон ва муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин сарчашма мегиранд.
Муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон рӯз то рӯз густариш ёфта истодаанд, ки ба рушду таҳкими муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ, варзиш ва ғайра заминаи устувор мегузоранд. Имрӯз беш аз 80 шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ доранд.
Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташаббусҳои созандаи Федератсияи Россия дар ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Зикр шуд, ки 80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дастоварди беназири ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Федератсияи Россия мебошад.
Қайд гардид, ки мулоқоти имрӯза низ ба рушди ҳамкориҳои судманд байни кишварҳоямон, таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат хоҳад намуд.