Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 пешниҳод шуданд, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум вобаста ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сифати он, рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, рақамикунонии фаъолият, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, такмили масъалаҳои инноватсия ва технологияи рақамӣ имрӯз бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -9 сентябр сомонаи нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард.
Шаҳрвандони кишвар метавонанд минбаъд тавассути сомонаи нав parlament-tj аз фаъолияти Парламенти Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон сари вақт огоҳ шуда, робитаи электронӣ барқарор намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар сомона маводҳо ба се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ҷой дода мешаванд.