Имрӯз дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Варзобқалъа», «Садриддин Айнӣ», «Лучоб» ва «Чорбоғ» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Муҳамадулло Шерализода иброз намуд, ки Парламенти Тоҷикистон ҳамеша кушиш менамояд, ки сатҳу сифати қонунҳо баланд бардошта шуда, ба зиндагии шоистаи мардум мусоидат намоянд. Дар Барномаи кори қонунгузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 37 лоиҳаи қонун ба нақша гирифта шудааст, ки 7 адади онҳо қонунҳои мукаммал аст.
Зикр гардид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлати миллӣ ва густариши истиқлолияту озодӣ басо бузург аст.
Сиёсати байнипарламентӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар давоми иҳлосияи якум бо 70 кишвари гуногуни ҷаҳон ва 8 созмони байналмилаливу минтақавӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳия дар атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.