Бо даъвати Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи табодули Дафтари Конгресси ИМА оид ба роҳбарии байналмилалӣ (COIL) «Дунёи боз» як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иёлоти…
Бо даъвати Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи табодули Дафтари Конгресси ИМА оид ба роҳбарии байналмилалӣ (COIL) «Дунёи боз» як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафар ҳайати гурӯҳ бо вакили парламенти Иёлоти Флорида вохӯрӣ намуда, дар бораи раванди қонунгузорӣ, шаффофият дар умури қонунгузорӣ, хизматрасонӣ ба интихобкунандагон, инчунин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Конгресси Амрико ва нақши ИМА дар сиёсати хориҷӣ суҳбату мулоқотҳо доир намуданд.
Ҳайати гурӯҳ аз бинои Капитолий, қароргоҳи Мақомоти олии қонунгузории федералӣ Конгресси ИМА боздид ба амал оварда, бо қонунгузорони Амрико мулоқот намуда, дар бораи идоракунӣ, фарҳанг ва хизмати давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бо мақсади омӯзиши асосҳои сиёсат, ҷомеа ва фаъолияти ҷомеаи мадании Амрико аз шаҳри Гейнзвилли иёлоти Флорида дидан намуда, бо шаҳрдор ва аъзои шуро, аз ҷумла намояндагони Комиссияи интихобот вохӯриҳо анҷом доданд. Доир ба мавзуъҳои шаффофияти умури молиявӣ, тартиби идоракунии шуро, маҷлисҳо барои шунидани ниёзу талаботи шаҳрвандон, хусусан тадбирҳои инноватсионии эҳёи иқтисодии мавзеъҳои алоҳида, инчунин бақайдгирии интихобкунандагон, одилона ва бехатар гузарондани интихобот табодули назар намуданд.